Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ бо Роҳбари навтаъини Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сеиҷу Имаӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон тавассути Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), роҷеъ ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои кунунии муштарак, дастгирии соҳибкории хурду миёна, инчунин ҷиҳати татбиқи лоиҳаи “Бизнес-инкубатор дар Тоҷикистон” мавриди баррсӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо перомуни баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Япония мубодилаи афгор намуданд.
Дар анҷоми мулоқот раиси Кумитаи давлатии сармягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба роҳбари собиқи Агентӣ ҷаноби Мунео Такасака барои ҳамкории босамар ва дастгирии доимияш ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои грантии Япония изҳори сипосгузорӣ намуда, ба Роҳбари навтаъйини он дар фаолияти баъдиаш дар Тоҷикистон муваффақиятҳо орзу кард.