Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • ЭЪЛОНҲО
  • ХАБАРҲО
  • ФОРУМҲО
  • ГУРӮҲИ КОРӢ
  • ПРЕЗИДЕНТ
  • ҲУҶҶАТҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Фаъолияти сармоягузорӣ
    • Кӯмаки беруна
    • Тендерҳо дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ
    • Инфрасохтори махсуси сармоягузорӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ
    • Ҳамоишҳои соҳибкорӣ
    • Рейтинги кишвар
    • Инфрасохтори дастгирии соҳибкорон
    • Руйхати мақомоти санҷишӣ ва нақшаҳои гузаронидани санҷишҳо
    • Низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ
    • Мораторий ба санҷишҳо
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    Қонунгузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти фаъолияти сармоягузорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти кӯмаки беруна
    • Қонунгузорӣ дар самти соҳибкорӣ
    • Қонунгузорӣ дар самти идораи амволи давлатӣ
    • Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ
    • Маҳзани муттамаркази иттилоотӣ ҳуқуқии

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон

      08.05.2023
      447

      Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Туркманистон - Сердар Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.

      Форуми соҳибкориро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Усмоналӣ Усмонзода ва Муовини раиси Девони вазирони Туркманистон муҳтарам Ботир Атдаев оғоз намуданд.

      Зимни суханронӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон бо кӯшишҳои мутақобила рушд ёфта, баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ мусоидат менамояд.

      Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Туркманистон дар соли 2022 52,9 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба давраи таҳлилии соли 2021, 30,7 миллион доллар ё 2,3 баробар зиёд шудааст.

      Дар Форум беш аз 250 нафар аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон, инчунин намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон иштирок намуданд.

      Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, хизматрасонӣ, кишоварзӣ, логистика,  нақлиёт ва технологияҳои муосир муаррифӣ карда шуданд.

      Пас аз ҷаласаи пленарӣ, вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар шакли “Соҳибкор бо Соҳибкор” (В2В) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ хизматрасонӣ, савдои дуҷониба, кишоварзӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва саноати сабук ба имзо расонида шуданд.

      Ҳамзамон тибқи барнома давоми рӯзҳои 8-9 май боздиди доираҳои соҳибкории Туркманистон аз корхонаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

      Иштирочиёни Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор хоҳанд намуд.

      АКСҲО:
      Саҳифаи асосӣ
      • Эълонҳо
      • Тендерҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ


      Дар бораи Кумита
      Маълумоти таърихӣ
      Сохтор
      Низомнома
      Ваколатҳои Кумита
      Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти Кумита
      Муқовимат ба коррупсия
      Тамос
      Сармоягузорӣ
      Фаъолияти сармоягузорӣ
      Кӯмаки беруна
      Тендерҳо дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ
      Инфрасохтори махсуси сармоягузорӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ
      Ҳамоишҳои соҳибкорӣ
      Рейтинги кишвар
      Инфрасохтори дастгирии соҳибкорон
      Руйхати мақомоти санҷишӣ ва нақшаҳои гузаронидани санҷишҳо
      Мораторий ба санҷишҳо
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Қонунгузорӣ
      Соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ
      Гурӯҳи корӣ
      Стратегияҳои миллӣ
      2022 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО