Санаи 17 августи соли 2023 мулоқотии маҷозии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъди Қодирзода вобаста ба масъалаҳои тадорукоти Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Душанбе-2023” бо корпуси дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷа баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки мақсади асосии баргузории Форум ин харчи бештар ҷалби таваҷҷӯҳи сармоягузорону соҳибкорони бонуфузи давлатҳои хориҷа ва тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ба ҳисоб рафта, зарур аст, ки барои роҳандозии ҳамкории мутақобилаи судманд дар ин самт ҳамкорӣ тақвият дода шавад. Хамзамон, сомонаи расмии Форум ба намояндагони корпуси дипломати муарифи гардид.
Дар охир, дигар масъалаҳо низ вобаста ба баргузории Форуми мазкур аз ҷониби тарафҳо мавриди муҳокима гардид.