Санаи 24 августи соли 2023 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири ҶумҳурииТоҷикистон ҷаласаи чордаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, меъморӣ ва сохтмон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе ва Истаравшан иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯро 3 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самтҳои нақлиёт, таъсиси маркази гармидиҳӣ ва маркази хизматрасониҳои маишию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ ва мӯҳокима қарор гирифта, вобаста ба амалишавии онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Бояд қайд кард, ки амалишавии лоиҳаҳои мазкур бо ҷалби маблағгузории шарикони хусусӣ ба роҳ монда мешаванд.