30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар бунёд ва эъмори давлатдории миллии мо мебошад.
Баъди суханронии Президенти мамлакат як гуруҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, аз ҷумла кормандони касбу кори гуногун, ки дар рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд.
Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллии мамлакат муовини якуми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршед Мирзо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Аҳли кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Муовини якуми раиси Кумита муҳтарам Хуршед Мирзоро ҷиҳати сазовор шудан ба мукофоти давлатӣ муборакбод менамояд.