Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-2023» Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Бонк» дар бораи амалӣ кардани Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи даватӣ муҳтарам Саъдӣ Қодирзода ва Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» Бахтовар Абдусатторов ба имзо расонида шуд.
Мақсад аз баимзорасонии Созишнома ин татбиқи Лоиҳа ташаккули таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина амалишавии «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» мебошад, ки ҳаҷми маблағгузории он то 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Бо пурра амалӣ гардидани лоиҳа 100 фоизи кормандон аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ таъмин карда мешаванд.