Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Маросими кушодашавии намояндагии Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”- и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар минтақаи Рашт

      Санаи 20 ноябри соли 2023 дар маркази ноҳияи Рашт маросими расмии кушодашавии намояндагии Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”- и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар минтақаи Рашт баргузор гардид.

      Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарияти ноҳияи Рашт, намояндагони Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”- и назди Кумита, шарикони рушд, ассотсиатсияҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

      Қайд карда шуд, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ислоҳоти муҳим гузаронида шуданд.

      Дар ин раванд рушди институтсионалии соҳа низ ташаккул ёфта, бо мақсади дастгирии методӣ ва машваратии соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон намояндагии Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар ноҳияи Рашт таъсис дода шуд.

      Бинои намояндагӣ дар масоҳати 113 м2 ҷойгир буда, аз толори баргузории чорабиниҳо бо 35 ҷойи нишаст, маъмурият, 3 утоқи алоҳида барои резидентон, гӯшаи баргузории гуфтушунидҳо ва ҷойи баргузории кофе-брейкҳо иборат буда, намояндагии мазкур на танҳо ноҳияи Рашт, балки барои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Лахш, Сангвор ва Роғун низ фаъолият хоҳад кард.

      Дар анҷоми чорабинӣ маросими ҷамъбастии озмуни минтақавии “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ” дар самтҳои сайёҳӣ, хоҷагидорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардида, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

      АКСҲО:

      23.11.2023
      2 191
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО