Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Боздиди Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон

      Санаи 29 ноябри соли 2023 бо мақсади шиносои аз вилояти Хатлон Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ва корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” боздид ба амал овард.

      Маълумот дода шуд, ки корхона аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин муҷаҳҳаз аст.

      Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили либос, ришта ва матои кешбофӣ ба Русия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот мешавад.

      Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмуъ дар корхона 1400 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд. Дар оянда бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонида мешавад.

      Дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” сармоягузорон аз фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли рангу бор, профилҳои алюминӣ, истеҳсоли тамоку ва нафт шинос шуданд. Ба сармоягузорон, маълумот вобаста ба имтиёзҳои андозию гумрукии минтақаҳои озиди иқтисодии кишвар дода шуд.

      Дар фарҷом аз сармоягузорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ саҳм гузошта, барои ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

      АКСҲО:

      30.11.2023
      2 310
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО