Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсоли якуми соли 2024 фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумат, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор равона намуда, дар самти тақвияти сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишондиҳандаҳои зеринро ноил гардидааст.
Сармоягузории хориҷӣ
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 воридоти сармояи хориҷӣ ҳаҷми 1,95 млрд доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,9 фоиз зиёд шудааст.
Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ бошад дар ин давра 153,9 млн доллари ИМА-ро ташкил дода, ба 112,6 фоиз баробар шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ корбарӣ гардида, ҳамзамон 3 созишномаи нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2 миллиарду 16 миллион доллари ИМА барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба имзо расонида шуда, вобаста ба имзо намудани боз 8 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 505 млн доллари ИМА корбарӣ шуда истодааст.
Илова бар ин, бо мақсади заминагузорӣ ва густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.
Инчунин, дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузории мамлакат як қатор форуму ҳамоишҳо бо давлатҳои Қатар, Италия, Узбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Арабистони Саудӣ баргузор карда шуданд.
Сармоягузории давлатӣ
Дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 88 адад
(53 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 30 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 49,6 млрд. сомониро (4,65 млрд. доллари ИМА) ташкил медиҳад.
Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 33,6 млрд. сомонӣ (3,15 млрд. доллари ИМА) ё 68 фоиз, маблағҳои қарзӣ 14,5 млрд. сомонӣ (1,36 млрд. доллари ИМА) ё 29 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,4 млрд. сомонӣ (134,5 млн. доллари ИМА) ё 2,8 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 83,1 млн. сомонӣ (7,8 млн. доллари ИМА) ё 0,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда аз оғози татбиқ 26,5 млрд. сомонӣ (2,49 млрд. доллари ИМА) ва дар давраи ҳисоботӣ 2,9 млрд. сомонӣ (272,8 млн. доллар), яъне 102% маблағҳо азхуд гардидааст.
Инчунин, дар ин давра бо шарикони рушд созишномаҳои қарзию гранти нав барои татбиқи 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 460,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуданд.
*Қурби расмии асъор: 1 доллари ИМА баробар ба 10.66 сомонӣ (ба ҳолати 01.07.2024с.)
Соҳибкорӣ
Дар шаш моҳи соли 2024 дар самти дастгирии соҳибкорӣ, танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо як қатор корҳо амалӣ шуданд.
Тавассути низоми «Равзанаи ягона» ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 358,6 ҳазор субъектҳои хоҷагидор ба қайд гирифта шуданд, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 13244 адад ва ё 3,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳаи соҳибкории кишвар беш аз 10,6 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 млрд. сомонӣ ё 14,5 фоиз зиёд мебошад.
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати иқтисодию ҳуқуқии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири соҳибкорӣ, аз ҷониби Кумита тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Дар ин замина, дар шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва бахшҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кулоб ва ноҳияи Рашт зиёда аз 152 чорабиниҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо доираи васеи намояндагони бахши хусусӣ гузаронида шуданд.
Моликият
Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби Кумита ҷиҳати истифодаи самаранок ва танзими молу мулки давлатӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бо қарорҳои дахлдори Кумита 10261 адад воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 55,5 млн. сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни мақомот ва корхонаю ташкилоти давлатии дигар гузаронда шудаанд.
Инчунин, дар ин давра ҷиҳати танзими масъалаҳои идораи моликияти давлатӣ 12 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуда, аз он 5 адад бо Қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида ва боқимонда дар баррасии вазорату идораҳо қарор доранд.