9 Августи соли 2024 дар Остона дар ҳошияи Саммити сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ + Ҷопон Форуми тиҷоратии «Осиеи Марказӣ + Ҷопон» баргузор карда шуд, ки дар он муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Юсуфзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори Форум беш аз 350 намояндагони ширкатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон иштирок намуда, масъалаҳои мубрами таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни кишварҳои минтақа ва Ҷопон баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиён зарурати ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷрибаро барои ноил шудан ба рушди устувор ва таҳкими суботи молиявӣ дар кишварҳои минтақа таъкид намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ ва системаҳои молиявӣ низ мавриди муҳокимаронӣ гардид.
Дар охир, 22 санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва экология, нақлиет ва логистика, рақамикунонӣ, маориф, мошинсозӣ, тиб ва сайеҳӣ байни тарафҳо ба имзо расиданд.
Форум барои табодули таҷриба ва таҷрибаҳои беҳтарин байни намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти беназир фароҳам овард. Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷопон такони нав мебахшад ва ба рушди иқтисодӣ ва рушди устувор дар минтақа мусоидат менамояд.