Санаи 12 август таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва иштироки роҳбарияти вазоратҳои молия, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, рушди сайёҳӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вохурӣ бо муовини директори генералии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд хонум Сяохун Ян ва ҳайати ҳамроҳи он баргузор гардид.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут Барномаи нави минтақавии Фонди иқлимии сабз “Аз пиряхҳо то хоҷагиҳо”, раванди татбиқи Стратегияи тағйирёбии иқлим барои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, дастгирии лоиҳаҳои афзалиятнок бо назардошти тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон, таҳқиқоти арзёбии пиряхҳо, муайян намудани афзалиятҳои иқлимӣ дар Стратегияи нави ҳамкории Бонки Осиёии Рушд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд