Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд аз ҷониби Бонк маблағи грантии 30 миллион доллари ИМА барои Лоҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои ҳифзи саломатии модарону кӯдакон дар се ноҳияи кишвар, аз ҷумла Айнӣ, Данғара ва Дарвоз тасдиқ гардид.
Лоиҳаи мазкур сохтмони як таваллудхонаи дорои 40 кат дар ноҳияи Айнӣ, таваллудхонаи дорои 80 кат дар Данғара ва беморхонаи дорои 100 кат дар Дарвоз бо тачҳизонидани технологияҳои гармидиҳӣ ва хунуккуниро дар бар мегирад.
Ҳамзамон, лоиҳа ҷиҳати баланд бардоштани донишу малака дар бораи саломатии модару кӯдак, ки ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат мекунад, кӯмак хоҳад кард.
Лоиҳаи тасдиқшуда идомаи марҳилаи навбатии лоиҳаи “Кӯмаки ҳамаҷониба дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдак”, ки аз соли 2018 барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Решт ва Шамсиддин-Шоҳӣн амалӣ гардида истодааст, ба ҳисоб мервад.