Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шикояти шаҳрванд Самадов М.Н., соли таввалудаш 1976, сокини шаҳри Душанбе, ки санаи 20-уми августи соли 2024 дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, эҳтиромона ба маълумоти шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ чунин маълумотро мерасонад.
Дар ҳақиқат, номбурда санаи 17-уми августи соли ҷорӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ташриф оварда, бинобар сабаби дар сафари хизматӣ будани Раиси Кумита аз ҷониби муовини якуми раис ва шахси масъули бақайдгирии қабули шаҳрвандон тибқи тартиби муқарраргардида қабул гардидааст.
Аризаи шаҳрванд низ вобаста ба масъалаи зикргашта санаи 20-уми август гирифта шуда, он айни замон дар баррасии Кумита қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки муроҷиати шаҳрванд Самадов М.Н. вобаста ба масъалаи мазкур бори аввал набуда, қаблан ба аризаҳои шикоятии ӯ аз 26-уми апрели соли 2021, №2-1б/14, аз 10-уми ноябри соли 2021, №1-1б/256 ва аз 10-уми октябри соли 2022, №2-1б/4131, Кумита ҷавоби хаттӣ ирсол намудааст.
Бояд қайд кард, ки мутобиқи қисми 10 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар ҳолати бо як муҳтаво ирсол гардидани муроҷиати қаблӣ ва муроҷиати навбатӣ, шахси мансабдор ва ваколатдор ҳуқуқ дорад мукотиботро бо муроҷиаткунанда қатъ намояд.
Новобаста аз ин, арзу шикояти номбурда ин дафъа низ аз ҷониби муовини якуми раис ва шахси масъули бақайдгирии қабули шаҳрвандони Кумита шунида шуда, муроҷиати шикоятии ӯ қабул ва мавриди баррасӣ қарор дорад.
Мутаасифона, шаҳрванд Самадов М. Н. ҳолати мазкурро, ки сирф хусусияти корӣ дорад, тобиши сиёсӣ дода, нисбат ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ эроди беасос пешниҳод намудааст.
Боиси тазаккур аст, ки вобаста ба шикоятҳои бардурӯғи номбурда қаблан аз ҷониби дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ, низ вокунишҳо карда шудаанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки қабули шаҳрвандон дар Кумита тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шуда, муроҷиатҳои онҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ карда мешаванд.
Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҳар гуна хабарҳои бардуруғ ва иғвоангез бовар накунанд ва дониставу надониста зери ҳаргуна навиштаҳои беасос шарҳҳои нодуруст нагузоранд.