Санаи 21 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар доираи ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тиҷорат ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор карда шуд.
Дар Форуми мазкур беш аз 200 нафар, аз ҷумла намояндагони воломақоми ҳукуматҳои ду кишвар, соҳибкорону сармоягузорони бонуфуз, ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои саноат, инфрасохтор, коммуникатсия, кишоварзӣ, хизматрасонӣ иштирок намуданд.
Форум бо суханронии ифтитоҳии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Скляр Роман Василевич оғоз гардид.
Зикр карда шуд, ки бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Касим-Жомарт Токаев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузори ҷонибҳо мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.
Форум дар ду панели алоҳида, аз ҷумла "Сармоягузориҳои мутақобила - самтҳои нави ҳамкорӣ" ва "Инноватсия ва технологияҳои рақамӣ - манбаи имкониятҳои сармоягузорӣ" кори худро давом дода, ба иштирокчиён зарфиятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иқтисод, саноат, кишоварзӣ, технологияҳои рақамӣ ва бонкдорӣ, инчунин бахши хусусӣ муаррифӣ карда шуданд.
Пас аз қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ду кишвар дар формати "Соҳибкор бо Соҳибкор" (B2B) баргузор гардида, дар натиҷа санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.