Санаи 28-уми август мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ҳамчун мудири Бонки Осиёии Рушд ва Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур ҳамчун мудири алтернативии Бонки Осиёии Рушд бо Директори алтернативии Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Ним Дорҷи баргузор гардид.
Дар доираи вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла нақлиёту энергетика, кишоварзӣ ва тандурустӣ, алалхусус маблағгузории лоиҳаи Неругоҳи барқи обии Роғун ва бахшҳои дигари муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ. мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки вохӯрии мазкур дар ҳошияи сафари миссияи Бонки Осиёии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 26-31 августи соли 2024 сурат гирифт.
Зимни сафар Директори алтернативии Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушд аз мавзеи иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун, Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва санитария, Лоиҳаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, системаи обтаъминкунии ноҳияи Рӯдакӣ ва иншооти тандуруст дидан менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони муҳими кившар ба ҳисоб рафта, дар 26 соли ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд портфели маблағгузории Бонк ба Тоҷикистон 187 лоиҳаро ба маблағи умумии он 2,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил менамояд.
Айни замон, Бонк ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 16 лоиҳа 950,0 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ намуда истодааст.