29 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.
Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ муовини раиси Кумита Хуршедаи Қодир ва сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ Аҳмамадзода Орзу Ҳусейн аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Аҳли кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ онҳоро бо ин дастоварди муҳим муборакбод менамояд.