ТАМОС БО МО
Санаи 02 сентябри соли 2024 вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон бо роҳбари ширкати машваратии давлати Ҳиндустон дар соҳаи обу гидроэнергетика ва инфрасохтор “WAPCOS Limited” Агравал Р. баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетика, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои афзалиятноки кишварро мавриди муҳоимарони қарор доданд.
Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими робитаҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ карда шуд.