ТАМОС БО МО
Санаи 3 сентябри соли 2024 дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло ба ду нафар корманди Кумита, аз ҷумла муовини сардори Раёсати сармоягузории давлатӣ - Қурбонзода Ҳасан, сармутахассиси Раёсати моликияти давлатӣ - Искандарзода Алиҷон Умаралӣ ва раиси асотсиатсияи миллии занони соҳибкор “Кадбону” Сабоҳат Раҳимзода мукофотҳои давлатиро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, супориданд.