Санаҳои 3-5 сентябри соли 2024 муовини якуми Кумита Фаррух Юсуфзода ва муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насреддинзода Рухшона дар Форуми IX-уми иқтисодии Шарқӣ, ки дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия бо иштироки доираҳои бузурги шарикони минтақа ва ҷаҳон дар сатми иқтисодӣ ва соҳибкорони хурду миёна баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар Форум ҳамкориҳои доираҳои давлатӣ ва хусусии минтақавӣ дар самтҳои саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор дода шуда, бо муаррифии зарфият ва имкониятҳои сармоягузории ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни давлату бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид.