Санаи 4 сентябри соли 2024 дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Раҳимзода Султон, сардорон ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумита Раҳимзода Султон оғоз намуда, ҳозиринро ба ин рӯзи муҳиму идона самимона табрик намуд.
Қайд гардид, ки истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ гардид.
Дар охир аз ҷониби раиси Кумита як қатор кормандони Кумита барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ, инчунин иштирок дар корҳои ободонию бунёдкорӣ ва бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.