Рӯзҳои 25-ум – 26-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 9-умин вохӯрии солонаи Шӯрои директорони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Султон Раҳимзода – раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хуршед Исмоилзода – сардори раёсати банақшагириии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуданд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои мубрами марбут ба иқтисодиёти ҷаҳон, сармоягузорӣ, барномаю нақшаҳои стратегӣ ва рушди инфрасохтори устувор дар қораи Осиё ва дигар минтақаҳои ҷаҳон мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифт.
Дар ҳошияи чорабинӣ инчунин мулоқотҳои алоҳидаи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ, вазирони сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ноиби Президенти Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ва роҳбари Маркази ҳамкории бисёрҷонибаи рушди молия (MCDF) доир гардид.
Зимни вохуриҳои анҷомдодашуда вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо, рафти амалишавии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, маблағгузории лоиҳаҳои нави афзалиятнок ва механизми татбиқи онҳо, табодули таҷриба дар самти маблағгузории лоиҳаҳои бахши хусусӣ ва ғайраҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Аз натиҷаи вохурӣ ҷонибҳо барои ҷалби бештари сармояи бонк ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва тақвияти бештари ҳамкориҳо дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ намуданд.
Инчунин, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи чорабинӣ дар мизи мудавари мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ва панели сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҷрибаи беҳтарин барои таъмини пайвастагии устувори байнисарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд.