Санаи 25-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи 9-умин вохӯрии солонаи Шӯрои директорони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ Ҷин Ликин доир гардид.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ, рафти амалишавии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, маблағгузории лоиҳаҳои нави афзалиятнок ва механизми татбиқи онҳо, табодули таҷриба дар самти маблағгузории лоиҳаҳои бахши хусусӣ ва ғайраҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Зимнан, таваҷҷуҳи асосӣ ба маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” дода шуд. Аз ҷониби Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ҷиҳати маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” изҳори омодагӣ карда шуд.
Аз натиҷаи вохурӣ ҷонибҳо барои ҷалби бештари сармояи бонк ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва тақвияти бештари ҳамкориҳо дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ намуданд.