26-уми сентябри соли 2024 дар ҳошияи 9-умин вохӯрии солонаи Шӯрои директорони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Султон Раҳимзода дар панели сатҳи баланд таҳти унвони «Таҷрибаҳои беҳтарин барои алоқаи устувори фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамчун баромадкунандаи калидӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун нуқтаи пайвастшавии тамаддунҳо нақши тахрихӣ дошта, бо таваҷҷуҳ ба он, ки давлатҳои минтақа роҳи баромад ба баҳр надоранд, мавҷудияти имкониятҳои васеъи иқтисодии кишварҳои минтақа, рушди инфрасохтор ва густариши ҳамкориҳо бо дигар минтақаҳо дар баланд бардоштани рақобатпазирӣ, таъмини субот ва устувории иқтисодии минтақа саҳми бузург хоҳад гузошт.
Дар ин замина, таъкид гардид, ки рушд додани инфрасохтори фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути ҳамкории зичи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва бахши хусусӣ ба рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбуди ҳамгироии байни Осиё ва Аврупо мусоидат хоҳад кард.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази бисёрҷонибаи ҳаморӣ барои маблағгузори рушд (MCDF) ва Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ баргузор карда шуда, дар он масъалаҳои марбут ба сафарбаркунии маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва бахши хусусӣ барои беҳтаргардонии алоқаи фаромарзии Осиёи Марказӣ ба минтақаи Осиёи Ғарбӣ ва Шарқӣ, инчунин Шарқи Наздик ва Аврупо баррасӣ гардиданд.