Санаи 2 октябри соли 2024 дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар Форуми дуюми соҳибкории кишварҳои Муколамаи ҳамкории Осиё таҳти унвони “Зеҳни сунъӣ ва моделҳои нави тиҷорат” иштирок намуданд.
Дар форуми мазкур вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо сухани муқаддамотӣ ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур дар панели якуми чорабинӣ, ки дар мавзӯи “Имкониятҳо ва ҳавасмандкуниҳои сармоягузорӣ” бахшида шуда буд, ҳамчун баромадкунандаи калидӣ баромад намуданд.
Зимни баромади худ, Раҳимзода Султон имконият ва зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, гидроэнергетикӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди кишварро муаррифӣ намуда, аз давлатҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё барои иштирок дар лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории ҷумҳурӣ даъват ба амал овард.