ТАМОС БО МО
Бо мақсади баррасии ҳамкориҳо ва ҷалби бештари сармоягзуории мустақим санаи 7-уми октябри соли 2024 вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон бо ҳайати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаи татбиқи лоиҳаи ташкили корхонаҳои истеҳсоли пластинаҳои офтобӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди муҳокима қарор дода шуда, оид ба тақвияти корҳо дар ин самт ибрози омодагӣ карда шуд.