Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 12-13 октябри соли 2024 бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Холиқзода Ҳоким, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, коршиносони сатҳи миллию хориҷӣ ва беш аз 800 соҳибкорону сармоягузорон дар Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат” Ҷаласаи тантанавӣ ва Форуми «Стартапстан»-ро бахшида ба «Рӯзи соҳибкорон» баргузор намуд.
Дар ҷаласаи тантанавӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи соҳибкорону сармоягузоронро ба муносибати «Рӯзи соҳибкорон», ки имсол 10-умин солгарди он таҷлил карда мешавад табрику таҳният ва қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва дастгирӣ намудани ташаббусҳои соҳибкорон мунтазам кӯшиш намуда, ислоҳоти назаррасро дар рушди соҳа роҳандозӣ намуда истодааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорон сухани табрикотӣ ироа гашт.
Дар фарҷоми қисмати тантанавӣ 50 соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёти мамлакат, корҳои ободонию созандагӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ бо ифтихорномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мукофонида шуданд.
Пас аз қисмати тантанавӣ кори Форуми «Стартапстан» дар панели алоҳида дар мавзӯъҳои «Рушди экосистемаи Стартап. Равандҳои ҷорӣ ва пешгӯиҳои рушд дар Осиёи Марказӣ» бо ишитроки намояндагони ширкатҳои ватанӣ ва фондҳои венчурии байналмиллалӣ шурӯъ гардид. Дар кори он масъалаҳои ҷалби сармоя ба стартапҳо, рушди тиҷорати онлайн дар Тоҷикистон ва ғайра мавриди муҳокимаронӣ гардид. Дар фарҷом байни ширкатҳои ватанӣ ва фондҳои венчурии байналмиллалӣ санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.