14 октябри соли 2024 бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ” баргузор гардид.
Дар қисмати пленарии конфронс муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холматиён Рустам, муовини якуми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Анваров Насим, намояндаи Ассотсиатсияи соҳибкории Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон бо маърӯза баромад намуданд.
Дар охири ҷаласаи пленарии конфронс дар асоси фармоиши муштараки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ташкилоту идораҳо ва бонкҳо барои ташкили сатҳи баланди Намоиши дастовардҳо бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” бо “Сипоснома” қадрдонӣ гардиданд.