15 октябри соли 2024 дар шаҳри Ханойи Ветнам Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Султон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи конфронси ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ бахшида ба маъданҳои муҳим барои гузариш ба энергияи тоза суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ афзалиятҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар роҳи рушди устувор, инчунин нақши калидии энергеия барқароршаванда, бахусус гидроэнергетикаро дар ноил шудан ба ҳадафҳои коҳиши партовҳо ва декарбонизатсияи иқтисод таъкид намуд. Ҳамзамон, нақши муҳими дастгирии лоиҳаҳои энергетикии минтақавӣ, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати имкони гузариш ба энергияи устувор ва коҳиши партовҳои CO2 иброз гардид.
Дар фарҷом, Раиси Кумита ҳозиринро ҷиҳати гузариш ба рушди устувор ва энергияи тоза дар Осиёи Марказӣ, ки барои ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ тақозо мекунад, даъват намуд.