Санаи 24 –уми ноябр дар шаҳри Риёз дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-уми Конфронси байналмилалии сармоягузорӣ мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо раиси Иттиҳоди палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал – Ҳувайзӣ баргузор гардид.
Зимни вохурӣ, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудиро дар самти сармоягузорӣ баррасӣ намуда, барои дарёфти роҳҳои тавсеаи ин муносибатҳо мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф имконоту иқтидорҳои бузурги ҳамкорӣ дорад, ки метавон онҳоро дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд дар ҳамдастӣ бо соҳибкорону сармоягузорони саудӣ истифода намуд.
Доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории саудӣ имкон доранд, ки бо истифода аз имконияту имтиёзҳои зикршуда бо ширкатҳову муассисаҳои давлативу хусусии Тоҷикистон ҳамкории созандаро ҳамчун шарики боэътимоди рушд дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ намоянд.
Татбиқи лоиҳаҳои муҳимму ояндадори зербиноиву истеҳсолӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ дар соҳаҳои энергияи сабз, рушди инфрасохтор, саноат, коркарди маъдан, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёт метавонад заминаи ҳамкориҳои самарабахши мо бошад.
Дар фарҷоми мулоқот байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расонида шуд, ки қадами муҳим дар рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар ба ҳисоб меравад.
АКСҲО: