Тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ҷиҳати иштирок дар 28-умин Конфронси байналмилалии сармоягузорӣ рӯзҳои 24-27 ноябр ба шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуд.
Дар сафари мазкур муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарони аввали Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Бонки милллии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии содирот, Палатаи савдо ва саноат ва доираҳои соҳибкории кишвар ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар ҳошияи чорабинӣ рӯзҳои 24-26 ноябр ҳайати кишвар бо роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, директори Фонди Саудии Рушд Султон Ал – Маршад, вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид ал –Фолиҳ, вазири муҳити зист, об ва кишоварзӣ Абдураҳмон Ал – Фазлӣ, вазири саноат ва захираҳои табиӣ Бандар Ал - Хурайф, раиси Иттиҳоди палатаҳои савдо Ҳасан Ал – Ҳувайзӣ ва роҳбарияти Эксимбонки Арабистони Саудӣ мулоқоту вохуриҳо анҷом доданд.
Зимни мулоқоту вохуриҳои болозикр ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор дода, алоқамандии худро ҷиҳати васеъ гардонидани ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ, ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, тавлиди энергияи сабз, рақамикунонӣ, низоми бонкӣ, рушди содирот, обу иқлим ва дигар масъалаҳои барои ҷонибҳо манфиатбахш иброз намуданд.
Барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ордени “Дустӣ” супорида шуд.
Инчунин, рӯзҳои 25-26 ноябр ҳайати баландпояи кишвар дар 28-умин Конфронси байналмилалии сармоягузорӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ва мизи мудаввар бо иштироки доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ширкат намуд.
Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни доираҳои тиҷоратию сармоягузории ду кишвар ҷонибҳо ба ифоқа расиданд, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои соҳибкории Тоҷистону Арабистони Саудиро дар шаҳри Душанбе баргузор намоянд.
Дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ байни мақомоти дахлдори давлатии ду давлат санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд:
- Протоколи ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди палатаҳои савдои Арабистони Саудӣ дар бораи таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистон ва Арабистони Сауд.
Санадҳои имзошуда барои густариши ҳамкориҳои судманди дуҷониба заминаи мусоид фароҳам сохта, қадами муҳим дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад.