Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
State Committee on Investments and State property management
of the Republic of Tajikistan
  • ABOUT THE COMMITTEE
  • PRESS CENTER
  • TENDERS
  • CONTACTS
  • ...
    "/>
    Тоҷикӣ Русский
    English
    Investments
    • Public investments
    • Investment opportunities
    • Investor's Guide
    • Regulatory framework
    • Investment map
    Entrepreneurship
    • State support for entrepreneurship
    • Business development indicators
    • Cooperation mechanisms
    • Checking the activity
    • Licensing system
    • Ratings
    • Women's entrepreneurship
    • Regulatory framework
    State property
    • State Property Management
    • Restructuring and privatization
    • Structure of state property management
    • Regulatory framework
    Why Tajikistan?

      • English
        • Language
        • English
        • Тоҷикӣ
        • Русский
      • +992 (37) 221-86-59
      • The Republic of Tajikistan, 734000, Dushanbe, Shootemur str. 27.
      • info@investcom.tj
      • Opening hours from 8:00 to 17:00

      Баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон

      Home
      —
      News
      —
      News archive
      06.04.2021
      479

      Санаи 6 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 14 Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус Форуми соҳибкории Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон баргузор гардид.

      Дар ҳошияи Форуми мазкур намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус ташкил карда шуд, ки дар он маҳсулоти зиёда аз ҳаштод корхонаи Беларус аз соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла растанипарварӣ ва чорводорӣ, хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо, қаннодӣ, мошинсозии соҳаи кишоварзӣ, сайёҳии фароғатӣ ва тиббӣ ба намоиш гузошта шуд.

      Дар Форуми мазкур, ки ба сатҳи нав баровардани ҳамгироии кишварҳо мусоидат менамояд, беш аз 200 нафар, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон иштирок намуданд.

      Дар ин раванд иштирокчиён вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо маълумот дарёфт намуда, ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеа коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

      Робитаҳои дӯстона ва ҳамшарикии Тоҷикистон, Беларуссия ва Афғонистон таърихи тӯлонӣ дошта, феълан дар аксар масъалаҳо шабеҳияти мавқеъ дида мешавад, ки ба густариш ва рушди ҳамкориҳои байни доираҳои тиҷоратии кишварҳо заминагузорӣ менамояд.

      Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони се давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, истеҳсоли техникаҳои кишоварзӣ, агросаноатӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расонида шуд. 

      Мабалғи умумии санадҳои баимзорасонидашуда 11,3 млн. доллари амрикоиро ташкил намуда, аз рӯи тақсимот дар сохтори ин маблағҳо ба ҳиссаи содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 46 фоиз рост меояд. 

      Иштирокчиёни Форуми соҳибкории Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон ба рушди муносибатҳои тарафайн, ки бо  баимзорасонии созишномаҳои ҳамкорӣ таҳким хоҳад ёфт баҳои баланд доданд. 


      Main page


      Investments
      Public investments
      Investment opportunities
      Investor's Guide
      Regulatory framework
      Investment map
      Entrepreneurship
      State support for entrepreneurship
      Business development indicators
      Cooperation mechanisms
      Checking the activity
      Licensing system
      Ratings
      Women's entrepreneurship
      Regulatory framework
      State property
      State Property Management
      Restructuring and privatization
      Structure of state property management
      Regulatory framework
      Why Tajikistan?
      2026 © State Committee on Investments and State property management of the Republic of Tajikistan
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      CONTACT US