Санаи 13 апрели соли 2021дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки Раиси Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони воҳидҳои сохтори марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита, сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021” баргузор гардид.
Нахуст, ҷаласаро Раиси Кумита – С. Қодирзода оғоз намуда, иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз», инчунин такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳамчунин, Кумита дар баробари дигар мақомоти давлатӣ барои тақвият бахшидани фаъолияти хеш дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ ва фаъол гардонидани марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои рақобати солими субъектҳои соҳибкорӣ ва ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ, вазифадор гардидааст.
Сипас, ҳисоботи муовини Раиси Кумита О. Аҳмадзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021 ҷиҳати иҷрои саривақтии амру фармонҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди ислоҳоти иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ ва тадбирҳои амалигардида аз ҷониби Кумита шунида шуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа аз рафти фаъолияти кори семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳисоботи сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардорони воҳидҳои сохтори дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита шунида шуд.
Раисикунанда аз баромади ҳисоботдиҳандагон натиҷагирӣ намуда, ба сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои зертобеъ вобаста ба иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили натиҷаҳои фаъолият ва ҷиҳати тақвияти фаъолияти Кумита дар масъалаҳои зикргардида бо назардошти афзалиятҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар соли 2021 супоришҳои мушаххас доданд.
Дар хотима аз ҷониби Раиси Кумита С. Қодирзода супориш дода шуд, ки кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва масъулини раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар маҳалҳо фаъолияти худро минбаъд ҳам ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии кишвар дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, мониторинги лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, таъмини истифодаи мақсадноки амволи давлатӣ, инчунин ҳавасмандгардонию дастгирии соҳибкорӣ равона намоянд.