Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      16.04.2021
      497

      Санаи 16 апрели соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати иқтисодии шаҳри Санкт-Петербург ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар формати B2B вохӯрӣ баргузор гардид. 

      Дар чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коренков Е.А., раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед, роҳбари ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон “Корпоратсияи байналмилалии тиҷоратӣ”-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Руслан Марк баромад намуданд.

      Дар вохурӣ раиси Кумита Қодирзода С.С. аз доираҳои сармоягузории шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия барои сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда, баргузории чорабинии мазкурро имконияти хуб барои доираҳои тиҷоратии ду кишвар ҷиҳати баррасии имкониятҳои судманди ҳамкорӣ  арзёбӣ намуд.

      Ҷониби Россия дар бораи фаъолияти ширкатҳои хеш ва қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи иқтидори сармоягузории кишварҳо изҳори назар намуд.

      Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ мулоқоти соҳибкорону сармоягузорони дуҷониба дар сиғаи В2В идома ёфта, дар ин қисмат иштирокчиён дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак  ва содироти молу маҳсулот  гуфтушунид намуданд.

      Дар доираи чорабинӣ  байни КВД «Тоҷинвест»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон “Корпоратсияи байналмилалии тиҷоратӣ”-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд.

      Дар маҷмуъ, чорабинии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО