Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди ислоҳоти иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ равона намуда, дар ин замина чораҳои мушаххас андешида истодааст.
Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 20,4 млрд. сомонӣ, маблағҳои қарзӣ 16,1 млрд. сомонӣ, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,26 млрд. сомонӣ ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 167,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда 2,3 млрд. сомонӣ азхуд карда шудааст, ки дар маҷмӯъ ба 100 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.
Аз маблағи умумии зикршуда дар ин давра 968,9 млн. сомонӣ дар соҳаи энергетика, 632,1 млн. сомонӣ дар соҳаи нақлиёт, 102,8 млн. дар соҳаи маориф, 148,2 млн. сомонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 39,0 млн. сомонӣ дар соҳаи ирригатсия/обёрӣ, 159,6 млн. сомонӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, 105,5 млн. сомонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, 71,3 млн. сомонӣ дар соҳаи экология ва ҳолатҳои фавқулодда ва 38,4 млн. сомонӣ дар дигар соҳаҳо (гумрук, молия, сайёҳӣ ва ғ.) азхуд карда шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи 17 лоиҳаи афзалиятнок 20 созишномаи нав ба маблағи умумии 4,65 млрд. сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки аз он 3,92 млрд. сомонӣ маблағҳои грантӣ, 707,5 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ ва 22,6 млн. сомонӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 нисбат ба нимсолаи якуми соли 2020 воридоти сармояи хориҷӣ ба маблағи 99 (ё 155, 8 фоиз), аз ҷумла сармояи мустақим 45,4 млн. доллар (ё 156,9 фоиз) ва дигар намуди сармояҳо бошад 53,9 млн. доллар (ё 155,5 фоиз) зиёд ворид гардидааст.
Дар ин давра сармояи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 104,0 млн. доллар, Люксембург 66,8 млн. доллар, Туркия 13,5 млн. доллар, Швейтсария 13,1 млн. доллар, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 10,6 млн. доллар, Филлипин 8,6 млн. доллар, Британияи Кабир 6,9 млн. доллар, Кипр 4,6 млн. доллар, ИМА 4,5 млн. доллар, Кувайт 4,1 млн. доллар, Ангилия 3,5 млн. доллар, Олмон 1,7 млн. доллар, Фаронса 1,2 млн. доллар, Федератсияи Россия 1,1 млн. доллар, Қазоқистон 0,2 млн. доллар ва дигар давлатҳо ворид гардидааст.
Сармояи мустақим дар ин давра ба ҷумҳурӣ асосан аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 89,1 млн. доллар, Туркия 13,5 млн. доллар, Швейтсария 13,1 млн. доллар, Кипр 4,6 млн. доллар, Фаронса 1,2 млн. доллар, Федератсияи Россия 0,4 млн. доллар, Британияи Кабир 0,1 млн. доллар ва дигар давлатҳо ворид гардидааст.
Сармояҳои мустақим маҷмуан ба соҳаҳои истихроҷи маъдан, саноати коркард, хизматрасонӣ ва ба дигар соҳаҳо равона карда шудаанд.
Айни замон, Кумита дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сохтмони корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, комплекси агросаноатӣ, гармхонаи инноватсионӣ ва ташкили марказҳои тақсимотии яклухт, корхонаи истеҳсоли семент, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва корхонаи металлургии коркарди ниҳоии хокаи маъдан корбарӣ намуда истодааст, ки дар мавриди татбиқи пурраи онҳо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ сармояи мустақими ватанию хориҷӣ ҷалб ва барои шаҳрвандони маҳаллӣ 1000 ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 11 корхонаи бузурги истеҳсолӣ бунёд мегардад.
Ҳамзамон, гyфтyшyнидҳo ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ бо доираҳои сармоягузории Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Британияи Кабир, Туркия, Малайзия ва Ҷумҳурии Корея рафта истодааст.
Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби Кумита Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон, Форуми соҳибкории Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон, Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Маҷористон, Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон, Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ дар вилояти Суғд, вохурӣ бо доираҳои тиҷоратии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар шакли ҳузурӣ ва бо доираҳои сармоягузории Амрико, Япония, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар конфронсҳои маҷозӣ доир карда шуданд.
Ҷиҳати ҳаллу фасли бевоситаи мушкилоту масъалаҳои соҳибкорону сармоягузорон ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолият намуда истодааст, ки намояндагони бахши хусусӣ ва коршиносони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба ҳайати он шомил мебошанд. Шӯрои мазкур мунтазам ҷаласаҳои худро доир намуда, масъалаҳои муҳими соҳибкориву сармоягузориро матраҳ ва ҷиҳати ҳалли онҳо чораҷӯӣ менамояд.
Санаи 25 феврали соли 2021 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили вазъи соҳаи саноат ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа, муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба доираҳои тиҷоратӣ дар асоси роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ ва таҳлили рейтинги миллии фазои сармоягузорӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба ҳолати 1 июли соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 342,1 ҳаз. адад субъекти соҳибкорӣ фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба соли 2020-ум 13,0 ҳаз. адад ва ё 3,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра 20582 субъекти соҳибкорӣ таъсис ёфтааст, ки ин нишондод нисбати соли 2020-ум 4875 субъект ё 35 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра фаъолияти Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”-и назди Кумита тақвият дода шуда, барои соҳибкорони навтаъсис зиёда аз 40 давраҳои омӯзишӣ, тренингҳо ва мастер-класс гузаронида шуда, бо мақсади муаррифии беҳтарин лоиҳаҳои соҳибкории хурду миёна дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии “Ҷоми бизнес-инкубатор” баргузор карда шуд, ки дар натиҷа аз байни 120 иштирокчии озмун, 3 нафар ғолиби он соҳиби мукофоти пулӣ (грант) гаштанд.
Мувофиқи қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ шумораи санҷишҳои банақшагирифтаи мақомоти санҷишӣ дар соли 2021 дар маҷмӯъ 41,3 ҳазор адад санҷишро дар бар мегирад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум зиёда аз 2,4 ҳазор, нисбат ба соли 2019-ум зиёда аз 6,7 ҳазор, нисбат ба соли 2018-ум тақрибан 14 ҳазор ва нисбат ба соли 2017-ум зиёда аз 30,6 ҳазор санҷиш кам мебошад.
Дар ин давра аз ҳисоби ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷет 6,2 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2020 ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ ё ин ки 29 фоиз зиёд мебошад.
Сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи www.investcom.tj фаъол буда, маълумот оид ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию фаъолияти сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, имтиёзу сабукиҳои дар қонунгузорӣ пешбинигардида, низоми иҷозатдиҳӣ, инчунин хабару рӯйдодҳо ва эълону дигар маълумотҳо бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ дар он дастрас аст.
Бо мақсади таъмини шаффофияти ҷараёни фурӯш ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ дар сомонаи КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ www.muzoyada-kvd.tj ба таври доимӣ маълумот дар бораи баргузории музоядаю озмунҳо ва иҷораи амволи давлатӣ интишор мегардад.
Ҷиҳати баланд бардоштани иқтидор ва муаррифии имкониятҳои содиротии кишвар, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар ҳаҷми содирот, дарёфти шарикони тиҷоратӣ, дастрасӣ ба маълумот оид ба номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунанда, дар портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкори КВД “Тоҷинвест”-и назди Кумита (www.b2b.tj) беш аз 500 ширкати ватанӣ ба қайд гирифта шуда, молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба таври ройгон муаррифӣ намуда истодаанд.
Ҳамзамон дар сомонаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ www.investmentcouncil.tj, сомонаи муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” www.ppp.tj, сомонаи КВД “Тоҷинвест” www.tajinvest.tj маълумот оид ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, инчунин нақшаҳои солона ва номгӯйи масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишӣ ҷойгир карда шудаанд.