Санаи 7 июли соли 2021, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди устувори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон”, бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор гардид.
Мизи мудавварро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ намуда, пас аз пазироии иштирокчиён оид ба тадбирҳои амалинамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ, ислоҳоти куллӣ дар ин самтҳо ибрози назар намуд.
Дар чорабинии мазкур Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Убайдуллозода Амирҷон , Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Раиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким, Муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ, Муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Назрулло, намояндаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирсаидов Аброр, Директори ширкати “Шивер Тоҷикистон” Филипп Марсийон, Директори иҷроияи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Наима Норматова маъруза намуданд.
Баромадкунандагон, аз ҷумла вобаста ба иқдомот, ҳидояту роҳнамоиҳо ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии самтҳои соҳибкориву сармоягузорӣ, қабули қонунҳо, барномаю стратегияҳо, консепсияҳо нақши илм дар раванди ислоҳот, дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, рушди давлату ҷомеа ва ҳаёти шоистаи мардуми мамлакат ва дигар ҷанбаҳо ибрози назар намуданд.
Дар ҷамъбаст, як қатор соҳибкорон дар намояндагӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва соҳаҳои гуногуни фаъолият, барои саҳми арзандаашон дар корҳои ободонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум бо Ифтихорномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.