Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      28.07.2021
      324

      Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2021 бо иштироки раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Хуршед, роҳбарият ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои системаи Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар баргузор гардид. 

      Нахуст дар назди рӯзноманигорон аз ҷониби раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷумла, оид ба раванди ислоҳоти иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, мониторинги лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маълумоти мухтассар дода шуд.

      Аз ҷониби роҳбарияти Кумита, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҷалби сармояи мустақим,  идораи самараноки моликияти давлатӣ, хусусигардонии амволи давлатӣ, таҳкими қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ, Кодекси андоз дар таҳрири нав, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону сармоягузорон, маълумоти оморӣ дар самти таъсис ва барҳамхурии субъектҳои соҳибкорӣ, натиҷаи амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020  бо сурат гирифтани суҳбати ошкору возеҳ посухҳои мушаххас дода шуд. 

      Дар охир раисикунанда ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ҳамкориҳои судманди доимиашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, зикр карданд, ки чорабинии имрӯза барои таъмини шаффофияти фаъолияти Кумита ва ҳамкориҳои сермаҳсули минбаъдаи мо мусоидат хоҳад кард.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО