Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ҳамоиши ҷавонони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо”

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      04.08.2021
      391

      Санаи 4 августи соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” баргузор гардид. Боздид аз намоишгоҳ ва толори китобхонаи Кумита оғоз гардида меҳмонон аз дастовардҳои соҳа дар 30 соли соҳибистиқлолӣ дидан намуданд. 

      Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳи  муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳурзода Саид оғоз намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ташаббусу иқдоми онҳоро мунтазам дастгирӣ мекунанд. Дар ҳақиқат бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург – ҷавонони бонангу номуси кишвар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайри имкон аст. Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ташаббуси ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро дар доираи имкониятҳои мавҷуда меандешад.

      Зимни ҳамоиш сухан ба муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзод Ризо Шодӣ дода шуд.

      Воқеан, имруз ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созанда эътироф шудаанд аз ин ру, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамеша ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. 

      Дар Кумита аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ 51 фоизро  ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин дар тамоми муассисаҳои системаи Кумита низ ҷавонон фаъолият дошта, дар пешрафти соҳа саҳмгузор ҳастанд. Истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору пойдор мегардад, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри он расад ва ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намуда, озодиву соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморад.

      Дар анҷоми ҳамоиш ҷавонони Кумита аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии худ  маърӯза намуда иброз доштанд, ки барои боз ҳам зебову дунявӣ гаштани кишварамон саҳми хешро мегузоранд.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО