Санаи 25 июни соли 2021 дар Кумита ҷаласаи Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуди назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Гурӯҳи корӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон, занон ва шахсони имкониятон маҳдуд Хуршедаи Қодир ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи боло бурдани мақом ва таъмини ҳуқуқи конститутсионии занон пайваста тадбирҳои судманд меандешад ва он марҳила ба марҳила дар амал татбиқ гардида истодааст. Аз ҷумла, ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, таҳти №5 “Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, таҳти №167 оид ба “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон, занон ва шахсони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд такони ҷиддӣ мебахшад.
Сипас, коршиноси котиботи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Раҷабова дар мавзӯи “Иштироки занони соҳибкор дар рушди соҳаи кишоварзӣ” рӯнамоии худро манзури аҳли нишаст гардонид, ки дар он чанд масъала, аз ҷумла иштироки занони соҳибкор дар рушди соҳаи кишоварзӣ, нақши соҳаи кишоварзӣ дар бахши иқтисодиёт, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, зироат ва чорво, паст кардани арзиши аслӣ ва ғунҷоиши воҳиди маҳсулот, ба даст овардани фоида, паст кардани зиёни иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра бо иштироки занони соҳибкор мавриди таҳлил қарор дода шудааст.
Сардори Шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова бошад, дар навбати худ “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”-ро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд.
Дар хотима, баъд аз натиҷагирии фаъолияти нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ дар байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд барои гузаронидани семинар оид ба саводнокии рақамӣ, баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ бо мақсади дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявии андоз ва гумрук, ташкили мизҳои мудаввар бо ҷалби мутахассисони масъули дастгирии занони соҳибкор ба гурӯҳи корӣ, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати баргузории форуми занони соҳибкор, таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи Гурӯҳи корӣ дар муҳлатҳои муқаррагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.