Санаи 27-уми августи соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини Роҳбари Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ, Раиси Кумита Саъдӣ Қодирзода, муовини якум, муовинони раис, сардорони раёсатҳо, роҳбарони корхонаҳои системаи Кумита маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Кумита маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринроба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбодваташрифи меҳмонро ба Кумита хайрамақдам гуфт.
Изҳор гардид, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад
.
Сипас, муовини Роҳбари Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ баромад намуда, маросими имрӯзаи супоридани мукофотҳои давлатиро барои ҳар як мукофотгиранда табрику шодбош намуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷ нафар кормандони Кумита, Нуруллозода Иззатулло - сардори сарраёсати ҳамоҳангсозии кумаки беруна ва мониторинги лоиҳаҳо, Юсуфзод Шуҳрат – сардори раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ, Муминзода Фаридун – сардори раёсати моликияти давлатӣ, Саъдизода Фирӯз – сардори раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатӣ ва Наҳтуллозода Давлатмурод - директори генералии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ барои хизмати намунавии давлатӣ бо “Ифтихорнома” - и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон Каримов Абдулло - директори генералии ҶДММ “Муҳаммад - А” бо медали “Хизмати шоиста” ва Қосимов Ҷуъмахон - директори генералии ҶДММ “Рангдара” бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Қодирзода Саъдӣ бори дигар миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносии кормандони Кумита баён намуда, ҳамаи онҳоеро, ки барои фаъолияти назаррас дар рушду пешрафти мамлакат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик намуд.
Таъкид карда шуд, ки кормандони Кумита ҷавобан ба ин ғамхории Сарвари давлат кушишу ғайрат нишон дода, тамоми неруву тавоноии худро дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат равона хоҳанд кард.