Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният намуда, ба ҳама хонаи обод, рӯзгори босаодат, файзу баракат ва иқболи баландро орзу намуд.
Қайд гардид, ки сӣ сол пеш халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ - Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди бузургро боэҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад”.
Воқеан, истиқлолият оғози зиндагии нави халқамон ва ибтидои марҳилаи тозаи ҳаёти сиёсии давлати миллии тоҷикон аст. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Бо талошу заҳматҳои созандаву ободкоронаи Пешвои миллат, мардуми тоҷик соҳиби истиқлолияти комил гашта, асосҳои конститутсионӣ ва қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдор гардид, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳуввияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳар як шаҳрванд моҳияти давлати миллиро дарк намуд ва аз унсурҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва оини ватандорӣ огоҳ гашт.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ 21 нафар кормандони Кумитаро барои фаъолияти самараноки меҳнатӣ, саҳм гузоштан дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи кишвар ва бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорнома” қадрдонӣ намуд.
Дар охир Раисикунанда бори дигар ҳозиринро ба муносибати бузургтарин дастоварди миллат 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба эшон тансиҳативу хонаободӣ, садоқат ба миллату давлат дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз комёбиҳо таманно намуд.