Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни Душанбе ва Берлин

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      04.09.2021
      239

      3 сентябри соли 2021 дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон (Ost-Ausschuss der Deutschen Wirtschaft) нишасти маҷозӣ баргузор карда шуд.

      Дар меҳвари музокирот рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ қарор дода шуда, вобаста ба таҳкими он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо сухани ифтитоҳӣ ибрози назар намуд.

      Дар идомаи суханронӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид як қатор масъалаҳо доир ба фазои мусоиди сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷиро самти афзалиятноки кишвар қайд намуда, ба манзури ҷониби Берлин пешкаш намуданд.

      Инчунин, дар форум роҳбарияти вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Агентии содирот иштирок ва суханронӣ намуданд.

      Дар форум инчунин, намояндагони ширкатҳои мухталифи олмонӣ иштирок карда, пас аз анҷоми қисми расмии он бо ҷониби тоҷикистонӣ мубодилаи афкори судмандро  дар доираи имкониятҳои сармоягузорӣ ва пешбурди рушди соҳибкорӣ анҷом доданд.  

      Пешниҳод гардид, ки чунин ҳамоишҳо дар оянда низ миёни бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ баргузор карда шаванд. Доираҳои иқтисодӣ-соҳибкории Олмон ҷиҳати дар соли оянда ташкил кардани ҳамоиши иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО