Санаи 30 сентябри соли ҷорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату мулоқотҳо дар мавзӯҳои амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки ҷиҳати амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақшаҳои чорабиниҳои дохилииидоравии Кумита тасдиқ гардидааст.
Аз ҷониби Кумита дар ин самт корҳои муайян, аз ҷумла баргузор намудани ҷаласаҳои назоратӣ, семинарҳои омӯзишӣ, паҳн намудани маводҳои таблиғотӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сомон расонида шудааст.
Сипас, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Умарҷон ва Сафарзода Диловар вобаста ба моҳият ва татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар самти ҳуқуқи озодиҳои инсон ва озодии виҷдон, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат экстремизм ва терроризм ва оид ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷумла оид ба тартиби баргузории туйи домодию арӯсӣ, зодрӯз, хатнасур, маросими ҳаҷ, маросими дафну азодорӣ ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузории мазкур суханронӣ намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас гардониданд.
Дар фарҷом Хуршедаи Қодир барои иштироки намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, бори дигар масъулинро ҷиҳати амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин барои солҳои 2021-2025 ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазифадор намуданд.
Ҳамчунин, ҳангоми баргузории чорабинии мазкур ба иштирокчиён бо мақсади баланд гардидани сатҳи маърифатнокӣ ва савияи дониши онҳо маводҳои тарғиботӣ, аз ҷумла китобчаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақсим карда шуд.