Санаи 12 октябри бо иштироки раиси Кумита, муовини якуми раис ва муовинон, сардорон ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита, котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ (дар шакли ҳузурӣ) ва сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе (дар шакли маҷозӣ) ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар моҳҳои январ – сентябри соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2021 баргузор карда шуд.
Зимни ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар моҳҳои январ – сентябри соли 2021 ҳисоботи муовини раиси Кумита Зуҳурзода Саид шунида шуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа аз рафти фаъолияти кори дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита ҳисобот доданд.
Раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод аз баромади ҳисоботдиҳандагон натиҷагирӣ намуда, бо назардошти дар вазъияти ғайримуқаррарӣ ва пешгуинашаванда қарор доштани ҳолати иҷтимою иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ва афзалиятҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба сардорони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони ташкилотҳои зертобеъ ва масъулини раёсату шуъбаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар маҳалҳо вобаста ба иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили мунтазами натиҷаи фаъолият, таъмини иҷрои босифати корҳо дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, анҷом додани иқдомоти зарурӣ барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Кумита дар семоҳаи чоруми соли 2021 супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас, ҷаласа бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар моҳҳои январ – сентябри соли 2021 ва муҳокимаи масъалаҳои баррасигашта, такмили лоиҳаи қарори ҳайатии мушовара ва пешниҳоди он ҷиҳати тасдиқ ба раиси Кумита ҷамъбаст гардид.