Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ҳамоиш дар мавзӯи “Муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон”

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      15.10.2021
      206
      Имрӯз, дар  меҳмонхонаи “Ҳаятт Реҷенсӣ” дар доираи чорабиниҳои таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи соҳибкорон” бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ, сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ ҳамоиш дар мавзӯи “Муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон” баргузор гардид.
      Зимни ифтитоҳи ҳамоиш раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода қайд намуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гузаронида шуда, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, аз оғози даврони истиқлол то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтааст. 
       Бо мақсади ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шуд, ки тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ аз дастгирии назарраси Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад.
      Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ дастур доданд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ фаъолияти худро густариш диҳанд. Барасмиятдарории фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра роҳандозӣ намудани низоми электрониву рақамӣ амалӣ созанд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониро ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монанд.
      Ҳамзамон, якчанд дастовардҳои самти мазкур, аз қабили ҷорӣ намудани низомҳои равзанаҳои ягона ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии соҳибкорӣ, амволи ғайриманқул, пардохтҳои электронии роҳкиро, кортҳои пардохт ва насб кардани банкомату терминалҳо, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркунӣ тавассути низоми электронӣ ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ибрози назар намуд. 
      Дар чорабинӣ Пратибха Меҳта, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, аз ҷумла вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти гумрук, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содирот баромад намуданд.
      Дар ҳамоиш вобаста ба раванди муосиргардонӣ ва тариқи электронӣ соддаю осон намудни фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ аз ҷумла дар самтҳои расмиёти бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми андозбандӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, хизматрасониҳои электронии бонкӣ, пешниҳоди раводиди электронӣ, пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, самти низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, Низоми содиркунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо RES (Registered Exporter System), расмиёти апостилгузорӣ, Феҳристи ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ ва дигар ҷанбаҳо ибрози назар карда шуд.
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО