ТАМОС БО МО
Санаи 6-уми июни соли 2018 дар конфронстолори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда доир гардид.
Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи кории навтаъсис аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ҷаласаро Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро пазироӣ намуда, бо мақсаду таъсиси Гурӯҳи корӣ ва вазифаҳои он шинос кард.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Гурӯҳи корӣ тибқи банди 10 супориши протоколи ҷаласаи 18-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 26 январи соли 2018 таъсис дода шуда, вазифаи он то ҷаласаи навбатии XIX-уми Шӯрои машваратӣ (на дертар аз 30 июни соли 2018) омода намудани ҳисоботи таҳлилӣ бо тавсияҳо, лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда мебошад.
Тибқи масъалаи дуюми рузномаи ҷаласа ба иштирокчиён муаррифии натиҷаҳои таҳлили қаблӣ оид ба такмили низоми андозбандию гумрукӣ, ки натиҷаҳои таҳлилҳои аз ҷониби шарикони рушд ва ассосиатсияҳои соҳибкории кишвар гузаронидашударо низ дар бар мегирад, аз ҷониби мушовири калони иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Манучеҳра Мадҷонова пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, таҳлили қиёсии сарбории андоз ва маъмурикунонии он дар кишварҳои минтақа, сохтори даромадҳои буҷети давлат ва динамикаи рушди бахши хусусӣ ҳамчун сарчашмаи андозбандӣ муаррифӣ гардида, масъалаҳои ҳалталаб ошкор ва тавсияҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо пешниҳод карда шуданд.
Вобаста ба масъалаи сеюми рузномаи ҷаласа ба аъзои Гурӯҳи корӣ муаррифии таҳлили самаранокии имтиёзҳои сармоягузории пешниҳодшаванда аз ҷониби Каримзода Шамсулло-Сардори Шуъбаи Равзанаи ягона барои мусоидат ба сармоягузорони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ манзур карда шуд. Аз ҷумла, таҷдиди назари имтиёзҳои сармоягузорӣ, гурӯҳбандии онҳо аз рӯи хусусият, соҳа, тартиб ва муҳлати пешниҳод муаррифӣ гардида, як қатор масъалаҳои ҳалталаб дар самти зарурияти роҳандозии механизми назорат ва мониторинги имтиёзҳо ҷиҳати арзёбии самаранокии имтиёзҳои сармоягузорӣ мушаххас карда шуданд.
Дар саволу ҷавоб вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ фаъолона иштирок намуда, фикру таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.
Зимни ҷамъбасти чорабинӣ қарорҳои мувофиқ қабул карда шуда, Роҳбари Гурӯҳи корӣ ба иштирокчиёни ҷаласа барои иштироки фаъол дар мубоҳиса ва баёни мулоҳизаву таклифҳо вобаста ба муаррифномаҳо изҳори сипос намуд.