Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ба муносибати Рӯзи қабули Конситутсия чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумита, Судяи суди конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷамшедзода Ҷамшед, муовини якуми раис ва муовинон, сардорон ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои зертобеи Кумита иштирок намуданд.
Нахуст, раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ ташрифи меҳмонро ба чорабинии доиргардида хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вижагиҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ифодакунандаи манфиатҳои миллат мебошад. Зеро дар он ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик инъикос ёфтааст.
Тавре Сарвари олии мамлакат таъкид менамоянд, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик буда, қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва аҳли ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст”.
Сипас, Судяи суди конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷамшедзода Ҷамшед дар бораи таърихи пайдоиш ва қабули Конситутсия муфассал баромад намуд.
Зикр карда шуд, ки дар баробари соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Мардуми Тоҷикистон марҳалаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкории хусусӣ шурӯъ намуд. Давраи мустақили рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оғоз шуд.
Дар охир Раисикунанда Қодирзода Саъдӣ аз фурсати муносиб бори дигар ҳозиинро ба ифтихори 27 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ибтидои давлату давлатдории навини мо мебошад, табрик намуда, ба эшон дар кори ободиву шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон пешрафту пирӯзиҳо ва осудагиву рӯзгори фаровон орзу таманно намуд.