Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 2021, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии бонувони соҳибкор бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар шарикони рушд Форуми занони соҳибкор таҳти унвони “Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон” ва Намоиши молу маҳсулоти занони соҳибкор баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Матлубахон Сатториён, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хилолбӣ Курбонзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барбара Рамбусек, Директори Департаменти гендерӣ ва фарогирии иқтисодии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони ассосиатсияи бонувони соҳибкор, шарикони рушд, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони ташкилотҳои молиявӣ ва дигарон иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории Форум ин муаррифии имкониятҳо барои занон, духтарон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд ба воситаҳои нави молиявӣ, омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, муаррифии имкониятҳо ҷиҳати истифодаи технологияҳои муосир, муаррифии имкониятҳои фароҳамовардашуда дар минтақаҳои дурдаст, муаррифӣ ва шиносоӣ бо марказҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо, тренингҳо дар минтақаҳо, зиёд намудани дастрасӣ ба воситаҳои иттилоотӣ, муаррифии барномаҳо дар самти рушди соҳибкории иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд карда шуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа эътибор ва ҷойгоҳи махсусро касб намудааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо неруи бунёдкоронаашон саҳми арзандаи худро дар рушди иқтисодиёти мамлакат мегузоранд.
Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум кори минбаъдаи он дар 3 панелҳои алоҳида дар мавзӯҳои “Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди фаъолияти соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рушди иқтидори бонувон дар соҳаи кишоварзӣ тавассути барномаҳои дастгирӣ. Васеъ намудани имкониятҳо дар минтақаҳо” ва “Васеъ намудани имкониятҳо барои бонувон ба воситаҳои моливӣ ва дигар хизматрасониҳои электронӣ” идома ёфт.
Дар қисмати ҷамъбастии Форум гузориши модераторони панелҳо шунида шуда, миёни иштирокчиёни форум саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар доираи Форум як қатор ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.