Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ...
    • ТАМОС
    • ТЕНДЕРҲО
    • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
    • ДАР БОРАИ КУМИТА
"/>
Русский English
Тоҷикӣ
  • Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
  • Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
  • Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
  • Чаро Тоҷикистон?

  • Тоҷикӣ
    • Забон
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • +992 (37) 221-86-59
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
  • info@investcom.tj
  • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00
  • ВКонтакте
  • Одноклассники
  • РњРѕР№ РњРёСЂ
  • Twitter
  • Viber
  • WhatsApp
  • Skype
  • Telegram

Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад

Асосӣ
—
Хабарҳо
—
Бойгонии хабарҳо
24.11.2021
272

Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки раиси Кумита, муовинони раис, сардорон ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабиниро раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, ҳозиринро ба ин рӯзи муҳиму идона самимона  табрик намуд. 

Қайд карда шуд, ки Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, “Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд. Давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт”.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиклолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Парчами миллӣ рамзи гиромӣ доштани муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Сипас, вобаста ба ин ҷашни муҳим сармутахассиси шуъбаи маҷмӯӣ ва иттилоот Каримзода Бахтибек муфассал баромад намуд.

Дар охир раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ аз маърӯзаи баромадкунанда натиҷагирӣ намуда, бори дигар ҳозиринро ба ин Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик мебошад, табрик намуда, ба иштирокдорон саломатӣ ва дар корҳои ояндаашон бурдборӣ орзӯ намуд.


Саҳифаи асосӣ
  • ВКонтакте
  • Одноклассники
  • РњРѕР№ РњРёСЂ
  • Twitter
  • Viber
  • WhatsApp
  • Skype
  • Telegram


Сармоягузорӣ
Сармоягузории давлатӣ
Имкониятҳои сармоягузорӣ
Роҳнамои сармоягузор
Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
Харитаи сармоягузорӣ
Соҳибкорӣ
Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
Механизмҳои ҳамкорӣ
Санҷиши фаъолият
Раёсати иҷозатномадиҳӣ
Рейтингҳо
Соҳибкории занон
Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
Моликияти давлатӣ
Идораи моликияти давлатӣ
Таҷдид ва хусусигардонӣ
Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
Чаро Тоҷикистон?
2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика
ТАМОС БО МО