Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      25.11.2021
      296

      Санаи 25 ноябри соли 2021 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корея дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” – и Душанбе Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

      Форуми сармоягузориро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, вазири саноат ва технологияҳои нав – Шералӣ Кабир, раиси Палатаи савдо ва саноат - Ҷамшед Ҷумъахонзода, роҳбари ҳайати сармоягузоронӣ Корея, директори техникии ширкати “ҲансБиотех”- Ҳанс Бае Ки, инчунин намояндаи минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея – Шим Ҷайбук  бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.

      Дар доираи Форум аз ҷониби КВД “Тоҷинвест” ва ширкатҳои ватании ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” ва ҶДММ “Ғаюр” самтҳо ва лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ муаррифӣ гардид.

      Дар Форуми мазкур беш аз 180 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла намояндагони соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилотӣ-коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва хизматрасонии ду давлат иштирок намуданд.

      Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур пайдо намудани шиносоии сармоягузорони кореягӣ аз фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳандозии робитаҳо миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар, инчунин тавассути сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва санотӣ  мебошад.

      Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шуд.

      Ёдовар менамоем, ки рӯзҳои 23 ва 24 ноябри соли ҷорӣ ҳайати доираҳои сармоягузории Корея аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.

      Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея ба рушди муносибатҳо, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО