Санаи 10 декабри соли 2021, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар доираи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷанбаҳои молиявии рушди соҳибкорӣ ва стартап экосистема дар Тоҷикистон”, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорон, шарикони рушд, олимону коршиносон, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор гардид.
Мизи мудавварро муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хуршедаи Қодир ифтитоҳ намуда, пас аз пазироии иштирокчиён нахуст оид ба тадбирҳои амалинамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ, ислоҳоти куллӣ дар ин самтҳо ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, хусусан соҳибкорони навтаъсис, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагону содироткунандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳибкорӣ фаъолияти муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ ташкил карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур ин муколамаи навбатӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ, дарёфти роҳҳо ва усулҳои маблағгузории соҳибкорӣ ва стартапҳо ва таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар самти сармоягузории венчурӣ имконияти васеъ фароҳам хоҳад овард.
Дар чорабинии мазкур муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Билолзода Фарҳод, Муовини Роҳбари Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Христофорос Политис, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” ва коршиносон оид ба рушди паркҳои технологӣ ва таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар самти сармоягузории венчурӣ маъруза намуданд.
Инчунин дар ҳамоиш, вобаста ба дарёфти роҳҳо ва усулҳои маблағгузории соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони навтаъсис, ҷустуҷӯи имкониятҳои рушди соҳа ва арзёбии заминаҳои мавҷуда барои рушди соҳибкорӣ ибрози назар карда шуд.